Экспедитсияи илмии мониторинги радиатсионӣ дар минтақаи “Оби-Гарм” ва дигар минтақаҳои ноҳияи Рашт
Аз 12 то 20 майи соли 2026 бо мақсади мониторинг ва арзёбии вазъи радиатсионии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии д.и.т., профессор Илҳом Мирсаидзода ва бо иштироки кормандони илмии Агентӣ, сафари экспедитсионӣ ба минтақаи “Оби-Гарм” ва дигар минтақаҳои ноҳияи Рашт оғоз гардид.
Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳолати кунунӣ ва вазъи радиатсионии минтақаи “Оби-Гарм”-ро бо истифода аз усулҳои пешбинигардида ва таҷҳизотҳои наву замонавӣ, барои муайянкунӣ ва таҳияи харитаи радиатсионӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор доданд. Аз минтақаҳои тадқиқотшаванда барои муайян кардани мавҷудияти радионуклидҳо намунаҳои об ва хок гирифта шуданд. Махсусан, дар яке аз нуқтаҳои “Оби-Гарм” гази радиоактивии радон чен карда шуд.
Аз рӯи маълумотҳои дар рафти экспедитсия ба даст омада, дар озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионии Агентӣ харитаҳои дақиқи радиатсионии мавзеъҳои махкур таҳия карда мешавад.
Экспедитсияи мониторинги радиатсионӣ дар дигар минтақаҳои ноҳияи Рашт идома меёбад.